Соле, ки шаҳри Кӯлоб Пойтахти фарҳангӣ унвон гирифт
Кӯлоб, 31.12.2015 (АМИТ «Ховар»)- Соли 2015 шаҳри Кӯлоб ҳамчун пойтахти фарҳангии Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ унвон гирифт. Дар доираи ин тадбир як силсила чорабиниҳои фарҳангӣ дар шаҳру деҳоти минтақаи Кӯлоб бо иштироки ҳунармандони Иттиҳоди давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Бо натиҷагирӣ аз ҷашнҳои фарҳангӣ бо ташаббуси бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар назди Қасри фарҳанг ҷамъомади бошукӯҳ доир шуд. Шаҳри Кӯлоб, ки таърихи беш аз 2700 сола дорад, ҳамчун маркази тамаддун ва диёри мардуми ҳунарофар, зебоипараст ва аз ҳама муҳим осорхонаи таърих аст, ки дар пояи ҳамин далелҳои таърихӣ соҳиби шаҳодатномаи Пойтахти фарҳангӣ гардид. Бо мақсади саҳмгузорӣ дар тарғибу ташвиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Тоҷикистон ва иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ ба як гурӯҳ кормандон ва собиқадорони соҳаи фарҳанг сипоснома ва туҳфаҳои молию пулӣ тақдим гардиданд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






