Соли 2015 нақшаи таъсиси ҷойи кор 144,1 % иҷро шуд
Душанбе, 31.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Тибқи Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 дар миқёси ҷумҳурӣ бояд 142 362 ҷойҳои корӣ таъсис дода мешуд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷкистон аз 23 январи соли 2015 оид ба таъсис додани на кам аз 200 ҳазор ҷойи нави корӣ дастуру супоришҳо дода шуд.
Дар соли 2015 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 205 204 ҷойи кор таъсис дода шуд, ки 144,1 фоизи нақшаи таъсиси ҷойҳои кориро нисбат ба дурнамои барнома ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар ВМКБ — 10739 ҷой, вилояти Хатлон — 65759, Суғд — 57259, шаҳри Душанбе — 32000, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — 39447 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.
Вобаста ба соҳаҳои иқтисодиёт дар давраи ҳисоботӣ дар соҳаи сохтмон — 30513, саноат — 9876, кишоварзӣ — 73419, нақлиёт ва алоқа — 3404, савдо, хўроки умумӣ, таъминоти моддию техникӣ — 49524, дигар соҳаҳо — 31468 ва соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ 7000 ҷойҳои корӣ таъсис ёфта, ба корхонаю ташкилотҳои бахши давлатӣ — 18500 ҷойҳои кории нав (9,0%), бахши коллективӣ — 19745 (9,6%), ба корхонаю ташкилотҳо бо шаклҳои гуногуни моликият — 51179 (24,9%) ва ба бахши хусусӣ — 115780 (56,4%) ҷойҳои кории нав рост меояд.
Таҳлили сохтори ташкилии таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки аксари ҷойҳои корӣ (56,4%) дар бахши хусусӣ таъсис шудаанд.
Масъалаи хеле муҳим дар ин самт муайянсозии хусусияти ҷойҳои кории таъсисшаванда ва тақсимоти ин ҷойҳои корӣ аз рўи дараҷаи маълумот мебошад.
Тавре ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, аз ҷойҳои кории дар давраи ҳисоботӣ таъсисшуда 63318 адад (30,8%) ҷойи кори доимӣ, 67792 (33,0%) ҷойи кори муваққатӣ ва 74094 (36,1%) ҷойи кори мавсимӣ мебошанд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






