«Соли 2016-соли маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод»-барномаи вилоятӣ
Суғд, 18.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-Бо мақсади рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёти маҳал, густариши корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ободонию сабзазоркунӣ, ҳифзи муҳити зист, босамар ва мақсаднок истифода бурдани неъматҳои табиат, беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои тиб, маориф, фарҳанг, баланд бардоштани нақш ва фаъолнокии аҳолӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ Барномаи вилоятии «Соли 2016-Соли маҳалла, деҳа, ва шаҳраки обод» роҳандозӣ гардид.
Тибқи ин қарор ҳамчунин ҳайати комиссия ва низомномаи комиссияи озмуни вилоятии «Маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод» тасдиқ шуд. Озмуни маҳалла, деҳа ва шаҳраки беҳтарин дар байни се воҳиди марзии аҳолинишин шаҳрак, деҳа ва маҳалла барои гирифтани унвони беҳтарин гузаронида мешавад. Дар асоси қарори раиси вилоят мукофотонии ғолибон дар арафаи таҷлили Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






