Соли бобарор барои варзишгарони кишвар
Душанбе, 30.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015-ум ба дастовардҳои зиёд ноил гардид, ки як дастоварди кумита пешрафт дар риштаи варзиш мебошад. То имрӯз бо кумита 51 федератсияи варзишӣ, аз ин шумора 22 федератсияи намудҳои олимпӣ ва 29 федератсияи намудҳои ғайриолимпӣ шартномаи тарафайни ҳамкорӣ дошта, дар доираи шартномаҳои мазкур ҳамкории дуҷонибаро ба роҳ мондаанд,-гуфт Носир Бозоров, сардори раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вобаста ба 10 намуди афзалиятноки варзишии дар ҷумҳурӣ муайяншуда (намудҳои гӯштини миллӣ, самбо, дзюдо, тарзи озод, юнону румӣ, таэквандо ИТФ ва ВТФ, бокс, варзиши сабук ва футбол) бо федератсияи мазкур ҳамкории зич ба роҳ монда шуда, баҳри ба даст овардани натиҷаҳои баланди варзишӣ, аз ҷумла иштироки варзишгарон дар чорабиниҳои байналмилалӣ ва мусобиқаҳои тахассусӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.
Бояд гуфт , ки дар чорабиниҳои соли 2015-ум 9806 нафар варзишгар,, аз ҷумла 1891 нафар бону иштирок намуданд.
Дар ин давра бо ташаббуси кумита 293 варзишгари ҷумҳурӣ, аз ҷумла 25 нафар бону ба 60 чорабинии сатҳи байналмилалӣ сафарбар гардиданд
Бояд гуфт, ки 21 нафар варзишгароне, ки меъёрҳои муқарраргардидаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷизадорони мусобиқаҳои байналмиллалии варзиширо иҷро намуданд, соҳиби ҷоизаи мазкур мешаванд. Тибқи низомномаи он варзишгарон бо маблағҳои пулӣ аз 6 000 то 15000 сомонӣ вобаста аз натиҷаҳои бадастоварда сарфароз гардонида мешаванд








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






