СПАШ ба ҳамлаи пайвандӣ дар кишварҳои иттиҳод посухи низомӣ ваъда додааст
Душанбе, 02.12.2015 (АМИТ «Ховар») .- Ҳуҷумҳои пайвандӣ (гибридные нападения) метавонанд боиси ба амал омадани моддаҳо оид ба мудофиаи дастаҷамъонаи СПАШ (НАТО) гарданд. Ин нуктаро Дабири кулли Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ Йенс Столтенберг дар як нишасти хабарӣ дар Брюссел дар рӯзи аввали мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (СПАШ) баён дошт. Дар ин бора ТАСС хабар медиҳад.
«Мо қарор додем, ки ҳуҷумҳои пайвандӣ метавонанд боиси ба амал даровардани моддаи панҷуми Аҳдномаи вашингтонии СПАШ гарданд”,- гуфт дабири кулли созмон. Моддаи панҷум посухи ҳарбии тамоми иттиҳод ба таҷовуз бар зидди яке аз кишварҳои аъзоро дар назар дорад, шарҳ медиҳад оҷонсӣ.
Дар консепсияи иттиҳод истифодаи ҳамзамони се таркиби сиёсати амниятӣ — омӯзиш, боздоштан ва мудофиа баррасӣ гардидаанд, изҳор дошт Столтенберг. «Таҳдидҳои пайвандӣ доираи хеле васеи таҳдидҳоро дарбар мегиранд, бинобар ин ба СПАШ доираи хеле васеи имкониятҳо зарур аст, то худро дифоъ кунад», — илова намуд мавсуф.
Истилоҳи “ҷанги пайвандӣ» дар ИМА охири асри ХХ ба миён омад. Он дорои якчанд тафсири гуногун аст, ки асосан чунин маънидод мешавад: ҷанги пайвандӣ дар худ омезиши муноқишаи муқаррарию мусаллаҳона бо истифода аз усулҳои террористӣ (масалан, дастгоҳҳои худсози тарканда) ва усулҳои ҷангҳои иттилоотӣ (масалан киберҳуҷумҳо)-ро таҷассум мекунад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






