Суҳбати ҷонфизо дар «Фарҳангдӯст»
Душанбе, 10.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон маҳфили навбатии донишкадавии «Фарҳангдӯст» бо иштироки профессор Абдунабӣ Сатторзода доир гардид.
Тавре ки котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева хабар дод, дар маҳфил перомуни мавзӯи «Адабиёти бадеӣ унсури муҳими ташаккули фарҳанги маънавӣ» сухан рафт, ки мазмуну муҳтавои онро асосан маънавиёт фаро гирифт. Профессор А. Сатторзода аз дастовардҳои соҳаҳои мухталиф ёдовар шуда, аз ҳама беш комёбиҳои адабиёти бадеиро дар мадди аввал гузошт. Бо ёдоварӣ аз андешаҳои фарҳангии бузургони дорои дараҷаи ҷаҳонӣ адабиётро болотар аз адабиёт хонд.
Ҳамчунин дар боби сифатҳои одами зиёӣ ва расидан ба ҳадди инсони комил андеша ронда, се омил — сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро асоси рушди ҷомеа арзёбӣ кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






