Суғд: Тақдими 10 ҳазор сомонӣ мукофот ба ҳунарманде, ки 50 шогирд омода месозад
Душанбе, 07.12.2015. (АМИТ «Ховар) -Дар шаҳри Хуҷанд маросими тантанавии супурдани шаҳодатномаву дастгоҳҳо ба бонувони ҳунарманд доир гардид, ки дар он бофандаҳо аз тамоми шаҳру навоҳии вилоят ширкат варзиданд.
Дар соли равон дар ҷамоати шаҳраку деҳоти шаҳру навоҳии вилоят 102 маркази таълимию истеҳсолӣ ташкил шуда, бо 316 дастгоҳи матоъбофӣ таъмин гардиданд, ки дар онҳо 139 устоди соҳибҳунар ба 900 шогирд ҳунарҳои аҷдодиро меомӯзанд. Бояд гуфт, ки дастгоҳҳои бофандагӣ серсоҳа буда, дар онҳо 12 намуди матоъ бофта мешавад. То имрӯз аз ҷониби бонувони ҳунарманди вилоят 6 ҳазору 77 метр матоъ истеҳсол шудааст, ки наздик ба 2000 метри он ба фурӯш рафтааст.
Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба бонувоне, ки аллакай дар ҷодаи бофандагӣ таҷрибаи кофӣ пайдо кардаанд, 84 дастгоҳ ва ба 10 хатмкардаи марказҳои таълимию истеҳсолӣ шаҳодатнома супорида, таъкид намуд, ки ҳадафи асосии иқдоми мазкур- эҳёи ҳунари бостонии бофандагӣ ва соҳибкасб гардонидани занҳои хонашин аст, ки шумораашон дар вилоят ба 230 ҳазор нафар мерасад.
Абдураҳмон Қодирӣ ҳамчунин мужда расонид, ки дар соли 2016 ба ҳунарманде, ки 50 шогирд тайёр мекунад, 10 ҳазор сомонӣ мукофот хоҳад дод ва афзуд, ки дастгоҳҳои тақдимшуда имкон медиҳанд, ки занҳои маҳаллӣ на танҳо ҳунари атласу адрасбофиро аз худ кунанд, балки ба истеҳсоли матоъҳои дигар низ машғул шаванд. Дар ин радиф ҳар маҳал метавонад мувофиқ ба талаботи сокинон ин ё он намуди ҳунари бофандагиро ривоҷ диҳад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






