Суғд: Тақдими дастгоҳи атласу адрасбофӣ
Суғд, 8.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-7 декабр дар маросими супурдани дастгоҳҳо ва шаҳодатномаҳо ба бонувони ҳунарманд, ки дар шаҳри Хуҷанд доир шуд, раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба намояндаи вилояти Бадахшон Қурбонбегим Чоршанбиева Шаҳодатнома ва дастгоҳи атласу адрасбофӣ тақдим намуд.
Қурбонбегим Чоршанбиева аз он наврасонест, ки чанде боз бо сабаби офати табиии дар ВМКБ рухдода дар истироҳатгоҳи 20 — солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистони ноҳияи Ҷаббор Расулов сабақ меомӯзад.
Зимнан, духтарони бадахшонӣ низ дар Маркази омӯзиши ҳунарҳои миллии истироҳатгоҳи мазкур ҳунари аҷдодиро аз худ намуданд ва минбаъд дар зодгоҳи худ онро идома хоҳанд дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






