Суди иқтисодии шаҳри Душанбе: Даъвои бонк қонеъ гардонида шуд
Душанбе, 10.12.2015. (АМИТ «Ховар) -Аз ҷониби судя Саъдуллозода С.Т., дар маҷлиси сайёри судӣ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Железняк, хонаи 14 парванда бо даъвои Филиали ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе нисбат ба ҷавобгарон: Хушвахтова Рухсора Хайридиновна, Ҳайдаралиев Зокир Мадаминович ва Хушвахтов Хайридин оид ба рӯёнидани маблағи қарз ба миқдори 20 ҳазору 628 доллари ИМА бо пули миллӣ 131 ҳазору 287 сомонӣ, аз ҳисоби амволи ба гарав гузошташуда баррасӣ гардида, даъвои бонки мазкур нисбат ба ҷавобгарон қонеъ гардид.
Аз ҳисоби Хушвахтова Рухсора Хайридиновна, Ҳайдаралиев Зокир Мадаминович ва Хушвахтов Хайридин ба фоидаи Филиали ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе маблағи қарзи асосӣ- 19 047 доллари ИМА, фоизи қарз 1048 доллари ИМА ва ҷаримаҳои ҳисобшуда 533 доллари ИМА, ҷамъ 20628 доллари ИМА, бо пули миллӣ 131 287 сомонӣ ва хароҷоти судӣ ба андозаи 2625,74 сомонӣ рӯёнида шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






