Таҷлил аз ҷашнвораи Меҳргон дар ДДЗТ
Душанбе, 07.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бахшида ба иди Меҳргон, ки аз қадимулайём ба мо мерос мондааст, маҳфили адабию фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар маҳфил муовини ректор оид ба таълим профессор А. Худойдодов ба иқдоми пешгирифтаи донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик барои чунин як маҳфили фарҳангӣ арзи сипос намуд. Декани факултети филологияи тоҷик Хосият Олимова гуфт, ки иди Меҳргон аз идҳои тоҷикии мост ва моро зарур аст, ки арзишҳои миллӣ ва фарҳангиву анъанавии худро пос дорем.
Баъдан, барномаи фарҳангии омодакардаи донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик ба намоиш гузошта шуд, ки хотирмон буд. Аз ҷумла, саҳнаи тарбиявии омодакардаи гурӯҳи 330, ки дар бораи ҳурмати модар буду аз мушкилоти оилавии баъзе ҷавононе, ки ба қадри модар намерасанд қисса мекард, хотирмон ва дарднок буд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






