Таҳсили 3 383 донишҷӯдухтари тоҷик дар хориҷи кишвар
Душанбе, 04.12.2015.(АМИТ «Ховар»).-Дар асоси созишнома ва ҳамкории дуҷонибаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва стипендияи байналмилалии Президенти кишвар «Дурахшандагон» дар 5 соли охир 12 ҳазору 453 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои олии касбӣ ва илмии хориҷи кишвар ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки аз ин теъдод 3 383 нафараш духтарон мебошанд. Дар робита ба ин масъулини Вазорати маориф ва илми кишвар зимни баргузории мизи мудаввар бахшида ба 16-умин солгарди қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» иттилоъ доданд.
Ба иттилои Фирӯза Ғаниева-сармутахассиси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ дар айни замон аз 160 ихтисоси амалкунанда, аз рӯйи 33 ихтисос дар курсҳои кӯтоҳмуддат мутахассисон омода гардида истодаанд. «Барои соҳибкасб намудани духтарону бонувони тоҷик омӯзиши касбҳои ошпазӣ, қаннодӣ, дӯзандагӣ, пешхизмат ва устои компютеру ронандагӣ роҳандозӣ шудааст»,-иброз дошт сармутахассиси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






