«Табиат — шоҳасари нодир»-конфронси илмӣ-адабӣ
Душанбе, 15.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Баҳри татбиқи талаботи «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019», «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6-и ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Табиат — шоҳасари нодир» конфронси илмӣ-адабӣ баргузор гардид. Дар конфронс намояндагони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, шуъбаи маорифи шаҳр, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон барои ҳифзи муҳити зист», хонандагон ва устодони мактаб иштирок доштанд.
Дар конфоронс хонандагони мактаб дар мавзуъҳои гуногунии экологӣ ва ҳифзи сарватҳои табиӣ баромадҳои пурмазмун намуданд. Ҳамчунин аз ҷониби хонандагон дар мавзӯи ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои об саҳначаҳо намоиш дода шуданд., ки хусусияти муҳими тарбиявӣ дошта, барои ҳидоят намудани насли наврас ба захираҳои табиӣ аз нигоҳи табиату ватандустӣ равона гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






