Тақдими туҳфаҳои идонаи Президент аз ҷониби Сарвазир ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати махсуси №2-и шаҳри Душанбе

Декабрь 30, 2015 17:30

Душанбе, 30.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз аз ҷониби Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати махсуси таҳсилоти асосии рақами 2-и шаҳри Душанбе туҳфаҳои идонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас шуданд.
Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳидоят ва дастгириҳои бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои аввали истиқлолияти давлатӣ нисбат ба ятимону маъюбон, бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат ва тамоми қишри эҳтиёҷманди мамлакат таваҷҷуҳи зиёд намуда, дар баробари кумакҳои пайваста ба ин табақаи ҷомеа, барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамояд.
Дар Мактаб-интернати махсуси таҳсилоти асосии рақами 2-и шаҳри Душанбе 115 нафар кўдакону наврасон ба таълиму тадрис фаро гирифта шудаанд. Имрўз хушиву хурсандии тарбиятгирандагони ин муассисаи таълимиро ҳадду канор набуд, зеро дар баробари туҳфаҳои солинавии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароҳам овардани зисту зиндагии шоистаи тарбиятгирандагон, ба ин муассисаи таълимӣ яхдону таҷҳизоти гармидиҳӣ, ҷиҳози рахти хоб ва ширниҳои идона туҳфа шуданд, ки аз ҷониби ҳам омўзгорон ва ҳам толибилмон бо хушнудӣ қабул гардид.
Баъди тақдим намудани туҳфаҳо Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҳозиринро бо фарорасии Соли нави мелодии 2016 табрику таҳният гуфта, зикр намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тадрис ва зисту зиндагии шумо, фарзандон тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ намудааст.
Гуфта шуд, ки дасти кумак расонидан ба ятимону, бепарасторон ва нафарони имконияташон маҳдуд аз беҳтарин хислатҳои инсонӣ ба шумор меравад. Дар баробари он, ки имрўз ба хонандагони мактаб-интернатҳои мамлакат аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус Президент пайваста кумакҳои моддӣ расонида мешаванд, инчунин ҳар як мактаб-интернати зери парастории ин ё он муассисаву ташкилоти давлатӣ қарор доранд ва ҳамеша аз аҳволи шумо бохабар мешаванд. Ҳар як тарбиятгирандаи мактаб-интернатҳои ҷумҳурӣ ҳамчун шахси комилҳуқуқи ҷомеа аз имкониятҳои мавҷуда бархурдор хоҳад буд.
Бошандагони мактаб-интернати мазкур дар навбати худ ба роҳбарияти олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипосу миннтдорӣ карданд.
Мавриди зикр аст, ки Мактаб-интернати махсуси таҳсилоти асосии рақами 2-и шаҳри Душанбе зери парастории Агентии захираҳои моддии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва барои фароҳам овардани шароти мусоид ва аз худ намудани касбу ҳунар, илмомўзии муҳассилин ҳамаҷониба вобаста гардидааст.
Тавре ки аён гардид, имрўз дар муассисаи мазкур тамоми шароит, аз ҷумла синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо компютер, китобҳои хониш, синфхонаҳои барҳаво ва рахтҳои хоби мувофиқ ба талаботи замон фароҳам оварда шудаанд.
Дар охири чорабинӣ аз ҷониби муҳассилини мактаб-интернат барномаи рангини фарҳангӣ, ки иборат аз шеъру сурудҳои ватандўстона ва муҳаббати инсонӣ буд, пешкаши ҳозирин карда шуд.
Хотиррасон бояд намуд, ки дар арафаи соли нави мелодӣ ба 12 ҳазор кӯдаки ятиму бепарастор ва маъюб туҳфаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас мегарданд.

Декабрь 30, 2015 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 август дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад
11 август дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад