Талоши Чин барои ҳалли бӯҳрони Сурия
Душанбе, 23.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Давлати Чин бо ҳадафи иҷрои нақши фаъолтар дар хусуси поён додан ба бӯҳрони Сурия, аз вазири хориҷаи Сурия барои сафар ба Чин даъват ба амал овардааст.
Ҳунг Ли, сухангўи Вазорати хориҷаи Чин, рӯзи сешанбе гуфт, ки Валид Муаллим аз 23 то 26 декабр дар Чин ҳузур хоҳад дошт ва бо Вонг Йи, вазири хориҷаи Чин дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард.
Ҳарчанд, ки Чин пеш аз ин низ мизбони нишастҳои намояндагоне аз Димишқ ва мухолифон бо ҳадафи ёфтани роҳҳо барои кумак барои сулҳ дар Сурия будааст, бо ин ҳол Пекин то кунун аз лиҳози сиёсӣ нақши андакеро барои рафъи буҳрони Сурия иҷро кардааст.
Ба ақидаи таҳлилгарон акнун Чин қасд дорад сиёсати бетарафӣ дар мавриди бӯҳрони Ховари миёнаро канор гузошта, монанди дигар аъзои доимии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид нақши фаъолтаре дар ин масъала дошта бошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






