Тарафдории сокинони Файзобод аз мақоми Пешвои миллат
Файзобод, 16.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Сокинони ноҳияи Файзобод барои ҷонибдории қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» дар маркази ноҳия ҳамоиш доир намуданд. Дар он муовини раиси ноҳия Сайбинисо Раҷабзода, роҳбарони ташкилоту муасисаҳо, кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, ҷавонон, кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва аҳли ҷамъият ширкат варзиданд. Сайбинисо Раҷабзода гуфт, ки қабули қонуни мазкур амри воқеист, зеро он ормони миллатамон буда, баҳри хизматҳои фарзанди сазовору сарсупурдаи миллат, ки зиндагии хушу осудаи ҳамватанон барояш дар ҷойи аввал қарор дорад, амрест зарурӣ. Хусусан онҳое, ки аз ватан фирор намуда, дар мулкҳои бегона дар хорию залилӣ қарор доштанд, дар симои Эмомалӣ Раҳмон наҷотдиҳандаи худро дарёфта, ба ватан баргашта ба зиндагии осоишта оғоз намуданд.
Инчунин намояндагони бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия, сархатиб ва собиқадорони меҳнат аз хизматҳои арзандаи Сарвари давлат ёдовар шуда, қонуни мазкурро ҷонибдорӣ карданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






