Ташкил ва нигоҳдошти фоҳишахонаҳо
Душанбе, 19.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе, бо гумони ташкил ё нигоҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд. Номбурда, санаи 18.12.с.2015, хонаи истиқоматиашро, воқеъ дар кӯчаи Теҳрони шаҳри Душанбе, ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон: марди 23-сола ва зани 24-сола, ҳарду сокинони шаҳри Душанбе, шароит фароҳам оварда, барои алоқаи ҷинсӣ намудан, аз онҳо 150-сомонӣ гирифтааст.
Ҳамчунин номбурда санаи 17.12.с.2015 хонаи истиқоматиашро, воқеъ дар кӯчаи Рӯдакии шаҳри Душанбе, ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон: марди 24-сола ва зани 28-сола, сокинони шаҳри Душанбе, барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 150-сомонӣ гирифтааст.
Нисбати далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






