“Театр дар меҳмонии кӯдакон”- чорабинии фарҳангӣ-хайриявӣ
Душанбе, 25.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дастгоҳи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои роҳбари ҳизб, Президенти кишвар — Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба истиқболи Соли нави мелодии 2016 дар мактаб-интернати махсуси таҳсилоти асосии №3 шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ-хайриявиро таҳти унвони “Театр дар меҳмонии кӯдакон” бо иштироки ҳунарпешагони театри бачагонаи “Лӯхтак” баргузор намуд.
Ҳайати эҷодии театр барномаи ҷолиберо ба кӯдакон намоиш дода, хотири онҳоро болида намуданд. Дар фарҷоми намоиш ба ҳамаи кӯдакони ин муассисаи таълимӣ шириниҳо ва туҳфаҳо тақдим гардид. Бино ба гуфтаи Абдураҳмон Хонов, роҳбари Дастгоҳи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ибтикори кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамаи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо чунин чорабиниҳои фарҳангӣ — хайриявии ҷолиб ва хотирмон баргузор шуда истодаанд. Дар аксари чорабиниҳои доиргардида ба кӯдакони ятиму эҳтиёҷманд ва маъюб туҳфаҳо супорида шуданд. Бояд гуфт дар давоми сол ба беш аз 1000 оилаи камбизоат, ятимону бепарасторон, хона-интернатҳои кӯдакони ятим аз тарафи ташкилоти ибтидоӣ, аъзои фаъоли ҲХДТ кумаки моддиву молиявӣ дар арафаи иду ҷашнвораҳо расонида шудааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






