Телевизиони рақами яки Суғд 25-сола шуд
Хуҷанд, 17.12.2015. (АМИТ “Ховар”).- Расо 25 сол пеш дар фазои иттилоотии шимоли кишвар шабакаи телевизионии Суғд ба фаъолият шуруъ кард. Санаи таъсиси он 15 декабри соли 1990 ба ҳисоб рафта, он яке аз аввалин телевизионҳои вилоятӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ маҳсуб мешуд. Барномаҳои телевизион бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ омодаю пахш шуда, он дар давоми фаъолияти хеш барои инъикоси мавзӯъҳои муҳимми ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва дастовардҳои ҷумҳурию вилоят саҳми назаррас дорад.
Шурӯъ аз соли 2007 барномаҳои телевизиони вилоят ба пахши ҳаштсоата гузашта, сол аз сол сифати техникии пахш ва фарогирии он бомаром хубтар мегардид. Ҳоло теъдоди тамошобини телевизиони вилоятӣ беш аз 1,5 млн нафарро ташкил медиҳад. Барномаҳои телевизиони вилояти Суғдро на танҳо сокинони шаҳру навоҳии вилоят, балки дар ноҳияхои наздисарҳадии Ӯзбекистону Қирғизистон низ тамошо менамоянд.
Телевизион дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мухбирони махсуси худро дорад, ки барои инъикоси саривақтии воқеа ва рӯйдодҳои муҳим мусоидат мекунанд.
Ҳамарӯза баҳри тамошобинони телевизиони вилояти Суғд барномаҳои гуногун, чун:
«Ахбор», «Паёми Суғд», «Фурўғи шом», «Набзи иқтисод», «Мизони қонун», «Фарҳанг ва ҳунар», «Робита», «Афкор», «Калтак», «Қарор ва иҷрои он» ва чандин барномаҳои дигар омода ва пахш мешаванд.
Бояд гуфт, ки телевизиони вилояти Суғд дар байни бинандагон яке аз маҳбубтарин ва аз ҷиҳати возеҳияти иттилоот раками якум шуморида шуда, он чун ҳамқадами истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ар ин фурсат тавонист симои ҳақиқии хешро дар мазҳари таваҷҷуҳи бинандаи худ пайдо намояд ва рисолати аслии хешро ба иҷро расонад. Барои онҳое, ки аз барномаҳои телевизиони вилоят солҳои тӯлонӣ бархурдоранд, он як таърихи мухтасари зиндагӣ ва рӯзгори мардуми вилоят мебошад.
Дар назар аст чорабинии тантанавӣ бахшида ба 25-солагии телевизион 19 декабр дар Кохи Рӯдакӣ бо иштироки роҳбарияти вилоят, меҳмонон ва гурӯҳи васеи рӯзноманигорону қаламкашони вилоят доир гардад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






