Террористони ДОИШ бо шиносномаҳои қалбакӣ вориди Олмон мешаванд
Душанбе, 22.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Даҳҳо гурезагони Сурия бо шиносномаҳои қалбакӣ ба Олмон ворид шудаанд. Маҳз ин усулро террористони ҳодисаҳои даҳшатбори Париж низ истифода карданд. Дар ин бора рӯзномаи олмонии «Bild» бо такя ба хадамоти махсуси Олмон хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, барои истифодаи шиносномаҳои қалбакӣ террористон ҳуҷҷатҳои ҳақиқиро истифода карда, танҳо номҳо ва аксҳои соҳибони шиносномаҳоро иваз мекунанд.
Ин тактикаи нави ифротгароён мебошад. Аввал бо шиносномаи қалбакӣ террористи оддӣ сафар карда, кӯшиш мекунад барои убури сарҳад муҳри зиёде ба даст орад. Баъдан ин ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият аз номи террористони оддӣ ба номи генералҳои гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» номнавис карда мешаванд.
То ин дам ҳамаи шиносномаҳои қалбакии мусодирашуда ба шаҳри Раққаи Сурия фиристода шуданд. Ҳоло хадамоти махсуси Олмон маълумоти рақамҳои тамоми ҳуҷҷатҳои маъмурияти маҳаллӣ додаро ҷамъоварӣ карда истодааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






