Туркия: Хадамоти махсус ду гумонбар дар таҳияи ҳамлаҳои террористӣ дар Анқараро боздошт кард
Душанбе, 30.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Раёсати амнияти Туркия ду террорист-худкуши эҳтимолиро бо гумони таҳияи ҳамлаи террористӣ дар шаби соли нав боздошт кард, иттилоъ дод шабакаи телевизионии «CNN Turk» бо ишора ба Прокуратураи генералии Анқара.
Гумонбарон дар минтақаи Мамак дастгир шуданд. Бино ба маълумоти тафтишот, онҳо аз Сурия ба Туркия омада, дар Анқара тадқиқ гузарондаанд, ки дар кадом гӯшаи он ҳамлаи террористӣ анҷом диҳанд. Гумон меравад, ки онҳо ният доштаанд худро дар маркази Анқара дар майдони Кизилай тарконанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






