Ҳукми суди вилояти Хатлон нисбат ба 8 сокини ноҳияи Шаҳритус
Душанбе, 04.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Суди вилояти Хатлон парвандаи ҷиноӣ нисбат ба 8 сокини ноҳияи Шаҳритусро баррасӣ намуд. Айбдоршавандагон барои овезон кардани парчами гурӯҳи террористии «Давлати Исломӣ» дар ноҳия айбдор мешаванд. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» судяи суди вилояти Хатлон Маҳмудзода Зубайдулло Асо иттилоъ дод, нафарони гумонбар барои ҷалби шаҳрвандон ба амалиёти ҷангӣ, сарнагун кардани ҳокимияти давлатӣ айбдор мешаванд. Амали худро ин нафарон шаби 10 ба 11 августи соли равон иҷро кардаанд. Ҳамзамон ин гурӯҳ ният дошт даст ба дигар амалҳои террористӣ занад, аммо аъзои он дастгир шуданд. Бо қарори суди вилояти Хатлон нисбат ба аъзои ин гурӯҳ ҳукм аз 7 то 27 сол бароварда шуд. Айбдоршавандагон бо иштирокдорони муҳорибаҳо дар Сурия ба воситаи Интернет дар тамос будаанд.
Ҳамсуҳбати хабарнигори АМИТ «Ховар» ҳамзамон зикр кард, ки қарори суд ҳоло ҳукми қонунӣ нагирифтааст ва айбдоршавандагон 8 нафар будаанд, на 7 нафар,- тавре ки дигар расонаҳо итттилоъ додаанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






