Ванҷ: Баррасии оқибатҳои офати табиӣ дар вохӯрӣ бо Рамазон Раҳимзода
Душанбе, 16.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар идомаи сафар ба ВМКБ, вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба ноҳияи Ванҷ рафта, бо аҳолии ноҳия вохӯрд. Дар вохӯрӣ раиси ноҳияи Ванҷ Давлатбибӣ Раҷабова, намояндагони ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои кумак расонидан ба зарардидагони заминларза, бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода таъкид кард, ки зарари аз зилзила расидаро пурра ва аниқ ҳисоб намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Зикр гардид, ки барои кумак расонидан ба мардуми аз офати табиӣ осебдида, ҳоло 4 чархболи давлатӣ ва 10 мошини боркашу мусофиркаши Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ба аҳолӣ хизмат расонида истодаанд.
Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кумакҳои молиявию ғизоӣ, аз қабили ангиштсанг, либосворӣ, хӯрокӣ ва дигар молҳои ниёзи мардум расонида мешаванд. Рамазон Раҳимзода доир ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳодисаҳои моҳи сентябри соли равон рухдода, дастгирию ҳамкории мардум бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ибрози андеша намуд.
Сокинони бонангу номуси ноҳияи Ванҷ ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои кумаку дастгирии ҳамаҷониба изҳори миннатдорӣ намуда, аз вазири корҳои дохилӣ хоҳиш карданд, ки арзи сипоси онҳоро ба Сарвари давлат расонад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






