ВАО: ВКХ Туркия сафири Русияро пас аз ҳодисаи халиҷи Босфор даъват мекунад
Душанбе, 07.12.2015 (АМИТ «Ховар») .- Вазорати корҳои хориҷии Туркия сафири Русия дар Анқара Андрей Карловро дар робита бо аксҳои дар ВАО-и туркӣ мунташиргардида, ки гӯё хизматчии ҳарбии Русия дар саҳни киштии низомии Русия ҳангоми гузариши халиҷи Босфор дар даст силоҳи зиддизенитӣ ва мушакӣ доштааст, даъват мекунад, иттилоъ медиҳад рӯзномаи «Hurriyet».
ВАО туркӣ муътақид бар онанд, ки гап сари киштии калони десантии «Сезар Куников» меравад, ки тахминан рӯзи якшанбе зимни гузариши халиҷи Босфор аксбардорӣ шудааст.
Чанде қабл, вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу ҳодисаи мазкурро фитнаангезӣ хонд. Вазири нақлиёт, киштигардӣ ва алоқаи Туркия Бинали Йилдирим Федератсияи Русияро дар вайрон кардани Конвенсияи «Монтрё» оид ба вазъи халиҷҳои Босфор ва Дарданелли айбдор кард.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






