ВКД: Дарёфти ҷасади сӯзонидашуда ва ифшои ҷинояти махсусан вазнин

Декабрь 15, 2015 11:25

Душанбе, 15.12.2015. (АМИТ «Ховар) -2 декабри соли равон дар ҳудуди чарогоҳҳои ноҳияи Лайлаки вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон, ки бо ҷамоати деҳоти Ҳаёти Нави ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳамсарҳад аст, ҷасади ҷинсаш мард, бо нишонаҳои марги маҷбурӣ аз захми корд ва сӯзонида шуда дарёфт шуд. Кормандони мақомоти милитсияи ҳамсоякишвар дар ин хусус ба ҳампешагони худ — масъулини ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Расулов хабар доданд. 
Муайян гардид, ки ин ҷасади шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодиров Шавкат Насимович, соли таваллудаш 1971, сокини деҳаи Қурғонча, ҷамоати деҳоти Ҳаёти нави ноҳияи Ҷ.Расулов мебошад.
Шаҳрвандон Неъматов Қаҳҳор Тиллоевич, соли таваллудаш 1964 ва Маҳамадов Ҷумъабой Бойқулович, соли таваллудаш 1973, сокинони ноҳияи Ҷ.Расулов, ҷамоати деҳоти Ҳаёти Нав, деҳаи Қурғонча, ки бо ҷабрдида муносибати хешу таборӣ доранд, аниқтараш ҷабрдида Қодиров домоди онҳост, дар содир кардани куштори бераҳмона ҳамчун гумонбар дастгир шуданд.
Сар задани ҷинояти мазкур ба муносибатҳои оиладорӣ рабт дорад. Аз рӯи нишондоди гумонбаршавандаҳо ҷабрдида нисбат ба ҳамсараш, ки ба гумонбаршаванда Ҷумъабой Маҳамадов хоҳар ва ба Қаҳҳор Неъматов духтари амма мебошад, мунтазам муомилаи бераҳмона карда, ӯро мавриди лату кӯб қарор медодааст. Аз сабаби майл ба машрубот ва қиморбозӣ доштан вақтҳои охир фазои оиладориаш вайронтар гаштааст. Маҳз ҳамин  омилро гумонбаршавандаҳо таҳрикдиҳандаи ҷиноят ҳисобида, роҳи худсарона ҷазодиҳиро ихтиёр мекунанд. Рӯзи ҳодиса баъди моҷарои навбатӣ ҷабрдида дар пайи ҷустуҷӯи ҳамсараш, ки аз хона берун рафта буд, назди бародари ӯ Ҷумъабой меояд ва миёнашон баҳсу гуфтугузор мешавад. Аз таассуроти моҷарои рухдода Ҷумъабой Маҳамадов бо маслиҳати пешакӣ бо тағобачаи худ Қаҳҳор Неъматов тарҳи ҷазодиҳиро кашида, шоми 1-ум ба 2-юми декабр, тахминан соатҳои 22:30 ҷабрдидаро аз ҳудуди деҳа ба мошини тамғаи ВАЗ-21011 савор намуда, бо баҳонаи ҳал намудани муаммои ҷойдошта тавассути нақлиёти сабукрав ба ҷойи ҳодиса, минтақаи касногузари заминҳои чарогоҳи ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон оварда, бо истифода аз корд ба ҳалокат мерасонанд. 
Сӯзонидани ҷасад бо мақсади рӯйпӯш кардани ҷиноят иҷро гардида, гумонбаршавандаҳо барои ин амал аз сӯзишвории бензин истифода кардаанд. Баъди анҷоми ҳаракатҳои ҷиноятӣ гумонбаршавандаҳо ба касе лаб накушода, бовар доштанд, ки кирдори ваҳшиёнаашон пинҳон  мемонад. Ҳарчанд яке аз онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта буд, бо бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бозпас  оварда  шуд. 
Дасти тавонои қонун ва маҳорати тахассусии кормандони милитсия нагузошт, ки ҷиноятпешагон бе ҷазо монанд. Ҳоло нисбат ба гумонбаршавандаҳо парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 104 КҶ ҶТ оғоз  шуда, онҳо дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

 

Декабрь 15, 2015 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад