ВКД: Ҳодисаҳои нохуш дар роҳҳо
Душанбе, 5.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- 4 декабр ронандаи мошини тамғаи “Шанси”, сокини 40 солаи ноҳияи Ҳисор ҳангоми ҳаракат аз тарафи деҳаи Чашмасор ба тарафи ҷамоати деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, писарчаи 2 солаи сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҶТ, дар натиҷа писарчаи хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
3 декабр ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, сокини 26- солаи шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи С.Шерозӣ аз тарафи кӯчаи Айнӣ ба тарафи кӯчаи Қаҳҳорови пойтахт, дар рӯ ба рӯи корхонаи “Насоҷии тоҷик” қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, пиёдагард, сокини 38- солаи шаҳри Душанберо пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






