ВКД: Тақдими туҳфаҳои солинавӣ ба тарбиягирандагон
Душанбе, 30.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дирӯз, 29 декабр ба муносибати Соли нави мелодии 2016 аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба тарбиягирандагони Мактаб-интернати №1 ва Литсейи касбӣ-техникии махсуси шаҳри Душанбе иловатан миқдори муайяни маҳсулоти хӯрокворӣ, аз қабили орду равған, биринҷу шакар, картошка, макарон ва дигар намуди маводи ғизоӣ ба маблағи беш аз 20 ҳазор сомонӣ кумак расонида шуд.
Муовини аввали вазири корҳои дохилӣ Абдураҳмон Аламшозода бо тарбиягирандагони муассисаҳои таълимии мазкур вохӯрда, онҳоро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик намуд. Ҳамзамон ба тарбиягирандагон аз номи роҳбарияти вазорат туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардида, дастархони идона ороста шуд.
Тарбиягирандагон барои таваҷҷуҳи доимӣ ва ғамхориҳои пайваста ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ миннатдорӣ баён намуда, дар ҷавоб изҳор доштанд, ки тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри андӯхтани илму дониш равона мекунанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






