Вохӯрӣ дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сафири Покистон
Душанбе, 2.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- 2 декабри соли 2015 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тариқ Иқбол Сумро баргузор шуд.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо бори дигар бар зарурати пайгирии муштараки натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон ва иҷрои амалии мувофиқаҳое, ки зимни музокироти сатҳи олӣ дар Исломобод 12-13 ноябри соли 2015 ҳосил шуданд, таъкид намуданд.
Роҷеъ ба ҳолат ва дурнамои пешбурди тарҳҳои муштарак дар соҳаҳои энергетика, иқтисоду тиҷорат ва иртиботи нақлиётӣ, ки ҳамчунин барои рушди босубот ва тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи минтақавӣ аҳамияти мубрам доранд, табодули назари судманд сурат гирифт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






