Вохӯрии Р. Раҳимзода бо сокинони ҷамоати деҳоти Язгулом
Душанбе, 16.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар Мактаби таҳсилоти умумии рақами 21-и ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ бо сокинону ҷавонон ва мактаббачагони ҷамоати мазкур вохӯрӣ баргузор намуд. Рамазон Раҳимзода доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат», ки рӯзи 9-уми декабри соли равон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, сухан гуфт. Сокинони ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ бо хушҳолии зиёд аз қабули қонуни мазкур истиқбол гирифтанд.
Зимни вохӯрӣ вазири корҳои дохилӣ оид ба шомилшавии шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии террористӣ, экстремистӣ, иштирок дар низоъҳои мусаллаҳона дар дигар кишварҳо, аз ҷумла, Давлати ба ном исломӣ, Сурия ва Ироқ изҳори нигаронӣ намуд.
Зикр гардид, ки дар айни замон зиёда аз 600 ҷавони гумроҳ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин низоъҳо иштирок намуда истодаанд. Барои аз ин роҳ баргардонидани онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.
Дар асоси пешниҳоди Вазорати корҳои дохилӣ ба моддаи 401 эзоҳи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова ворид карда шуда, эзоҳ дода шуд, ки шахсе, ки ихтиёрӣ аз иштироки ғайриқонунӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо то анҷом ёфтани задухӯрди мусаллаҳона даст мекашад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.
Вазири корҳои дохилӣ оид ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо ва масъалаи депортатсия (берун шудани онҳо аз ФР) сухан ронда, гуфт, ки ин масъалаҳо дар вохӯрии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар Сочи мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар натиҷаи ин вохӯрӣ масъалаҳои донишҷӯён ҳалли худро ёфта, кор дар самти иҷозат додани муҳоҷирони беруншуда идома дорад.
Дар ҷараёни ҷаласа оид ба ҳодисаҳои моҳи сентябр гуфта шуд, ки маблағгузор ва роҳбарии асосии ин ҳодисаҳо ҳизби мамнуъи ҲНИТ буд, ки дар натиҷаи ҳамкории зичи мардум бо мақомот ин гурӯҳҳои террористӣ дар як муддати кӯтоҳ безарар гардонида шуда, ба мақсадҳои нопоки худ нарасиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






