Вохӯрии раиси ноҳияи Спитамен бо донишҷӯён
Спитамен, 21.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар театри Камоли Хуҷандии вилояти Суғд мулоқоти раиси ноҳияи Спитамен Ориф Хоҷазода бо донишҷӯёне, ки дар макотиби олӣ ва миёнаи махсус таҳсил менамоянд, баргузор гардид.
Ориф Хоҷазода зимни суханронӣ гуфт, ки имрӯз дар макотиби олии вилоят аз ноҳияи Спитамен 1328 донишҷӯ таҳсил мекунанд. Соли равон хамткардагони макотиби таҳсилоти ҳамагонии ноҳия аз тариқи ММТ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1604 -нафар ҳуҷҷатҳои хешро супорида, танҳо 504- нафар соҳиби номи донишҷӯӣ гардиданд. Ин моро водор месозад, ки дар ин самт корҳоро ҷоннок намуда, зимни интихоби ихтисос ва донишазхудкунии хонандагон эътибори ҷиддӣ зоҳир намоем.
Ҳамчунин раиси ноҳияи Спитамен иброз намуд, ки ҷавонон дар атрофи мафҳумҳои ватандӯстӣ ва хештанпарварӣ муттаҳид шуда, бар зидди ифротгароӣ, хурофотпарастӣ ва дигар амалҳои номатлуб мубориза баранд.
Дар охир ба 45 донишҷӯи аъолохону пешсаф туҳфаҳои пулӣ тақдим шуданд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






