Вохӯрии Сайдулло Хайруллоев ва Ли Ок Рён
Душанбе, 11.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (XДРФТ) Сайдулло Хайруллоев раиси Ҷамъияти дӯстии Ҷумҳурии Корея бо кишварҳои Осиёи Марказӣ хонум Ли Ок Рёнро ба ҳузур пазируфт. Дар ҷараёни мулоқот масъалаи тарғиботи ҳамкории дуҷониба дар доираи фаъолияти ҷамъиятҳои ҳарду кишвар баррасӣ гардид.
Сайдулло Хайруллоев дар бораи фаъолияти XДРФТ ва ҷамъиятҳои он маълумот дода, изҳор дошт, ки ҳоло 23 ҷамъияти дӯстӣ бо кишварҳои гуногуни хориҷӣ амал мекунанд. Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон — Корея» намунаи барҷастаи ин ниҳоди фарҳангӣ ба шумор меравад. Пешниҳод шуд, ки Ҷамъияти дӯстии «Корея — Тоҷикистон» дар кишвари Корея низ ташкил шавад. Таклифи мазкур аз ҷониби раиси Ҷамъияти дӯстии Корея бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бо хушнудӣ пазируфта шуд.
Раиси Ҷамъияти дӯстии Ҷумҳурии Корея бо кишварҳои Осиёи Марказӣ хонум Ли Ок Рён иброз дошт, ки мақсади сафараш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвияти ҳамкории фарҳангӣ бо ин кишвари зебои Осиёи Марказӣ мебошад.
Дар интиҳои мулоқот Ёддошти ҳамкорӣ байни Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва Ҷамъияти дӯстии Ҷумҳурии Корея бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба имзо расид. Санади ҳамкориро раиси Раёсати XДРФТ Сайдулло Хайруллоев ва раиси Ҷамъияти дӯстии Ҷумҳурии Корея бо кишварҳои Осиёи Марказӣ хонум Ли Ок Рён имзо карданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






