Восеъ: Рустам Амакиев дар ёди мост!
Восеъ, 30.12.2015. ( АМИТ «Ховар»).- Бахшида ба Соли нави мелодӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ба хонаводаи фармондеҳи пешини гурӯҳи зудамали «Алфа»-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Амакиев орд, равған, шакар, биринҷ ва дигар маводи хӯрокӣ кумак расонид. Тавре ки роҳбари дастгоҳи ноҳия Сафарбек Қурбонов иброз дошт, раиси ноҳия Ғафурзода Мусо Зариф моҳе ду маротиба ба хонаи Рустам Амакиев рафта, аз ҳоли оилаи ӯ бохабар мешавад ва ба онҳо кумак мерасонад.
Ҳоло Литсеи касбӣ- техникии ноҳия ба номи марҳум гузошта шуда, ба наздикӣ нимпайкараи ин марди далер дар ҳамин лисей қомат меафрозад.








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад






