Вуруди техникаи муосир ба соҳаи кишоварзӣ
Кӯлоб, 3.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Ба ноҳияҳои кишоварзии мамлакат аз тариқи барномаҳои давлатӣ ва агролизинг техникаҳои нав дастрас мешаванд, ки кори хоҷагидоронро осон мегардонанд. Дар баробари ин мутахассисони соҳа хоҷагидоронро бо тарзи истифодаи техника ва қоидаҳои агротехникии кишту парвариши маҳсулоти кишоварзӣ шинос мекунанд. Дар ноҳияи Кӯлоб мутахассисони соҳа ба кишоварзон тарзи интихоби тухмӣ, шинонидан ва парвариши картошкаи ба шароити иқлими минтақа мувофиқро омӯзониданд.
Чанде пеш КВД дар шаҳри Кӯлоб «Тоҷикагролизинг» техникаҳои нави кишоварзӣ, аз ҷумла техникаҳои хурд барои хоҷагиҳои инфиродӣ ва деҳқониро, ки хароҷоташон хеле кам ва нархашон арзон буда, истифодаашон оддию сода аст, ба намоиш гузошт. Аксари хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродӣ аз техникаҳои муосир хариданд ва ният доранд дар корҳои агротехникӣ ва майдони боғҳо аз онҳо истифода баранд. Ба гуфти деҳқонон ҳар як техникаю таҷҳизот чанд амалро иҷро мекунад, дар сурате ки кишоварз аз он дуруст истифода бурда тавонад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






