Ярмаркаи ҷойҳои корӣ дар Хуҷанд
Хуҷанд, 21.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Дирӯз дар «Қасри Ҷавонон»-и ба номи Л.Шералии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи байналхалқии муҳоҷир аз ҷониби бахши суғдии Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид. Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз агентии мазкур иттилоъ доданд, дар ярмарка намояндагони Агентии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Қайроққум, Чкалов, Б.Ғафуров иштирок намуда, барои корҷӯён беш аз 800 ҷойи кориро бо маоши меҳнатии аз 300 то 1500 сомонӣ пешниҳод намуданд.
Ҳамзамон дар ярмарка намояндагии КВД «Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд» ва Филиали Муассисаи давлатии маркази таълими калонсолони Тоҷикистон дар ноҳияи Б. Ғафуров низ ширкат намуданд.
Дар ярмарка зиёда аз 300 шаҳрванд иштирок намуда, 14 нафар аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ барои дарёфти ҷои кор бо роҳхат таъмин гашта, 23 нафар ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ номнавис гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






