Ёвон: 114 зан дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият дорад
Ёвон, 9.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Соли равон дар ноҳияи Ёвон барои баргузор намудани чорабиниҳои вобаста ба соҳаи занон аз буҷаи маҳал 19 ҳазору 185 сомонӣ ҷудо гардида, вобаста ба Соли оила эълон гардидани соли 20015 ва бо мақсади татбиқи амалии «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 ва 2020» аз тарафи раиси ноҳия ба маблағи 70 ҳазор сомонӣ грантҳо барои 35 нафар занони ниёзманд ва бесаробон тақсим шуд. Аксарияти заноне, ки соҳиби грантҳои раиси ноҳия гаштанд, фаъолияти хурди соҳибкорӣ ташкил намуда, сатҳи зиндагии оилаҳояшонро баланд бардоштаанд.
Ҳамчунин барои баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон ва иштироки онҳо дар хизмати давлатию ҳаёти ҷамъиятӣ пайваста тадбирҳо амалӣ мешаванд. Ҳоло дар ноҳия 101 ҳазору 638 нафар зан умр ба сар мебаранд, ки аз ҳисоби бонувони фаъоли ноҳия 2 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, 8 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, 33 нафар вакилони маҷлиси ҷамоатҳо мебошанд ва 114 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунандаи ноҳия фаъолият доранд. Имрӯзҳо дар ноҳия 13 нафар зан хизматчии давлатӣ мебошад ва 1590 нафар дар соҳаи маориф, 681 нафар дар соҳаи тандурустӣ, 163 нафар дар соҳаи саноат, 1544 нафар дар соҳаи соҳибкорӣ, 16 ҳазору 336 нафар дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд. Инчунин дар давоми 9 моҳи соли равон 596 нафар зан бо ҷойҳои кор таъмин шуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






