Заминҷунбӣ дар Душанбе 3-4 балро ташкил дод
Душанбе, 26.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Соати 00:16-и шаби 26 декабр дар ҳудуди ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшони Афғонистон, ки дар масофаи 305 км ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе қарор дорад, заминҷунбӣ рух дод.
Дар ин бора аз Академияи илмҳои Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Қувваи зилзила дар маркази он 6,2 бал, дар Бадахшони Тоҷикистон 5 бал ва дар шаҳри Душанбе 4 балро ташкил дод.
Тибқи маълумоти пешакӣ, дар натиҷаи заминҷунбӣ як зумра биноҳои кӯҳна дар Ишкошими Афғонистон ва шаҳри Пешовари Покистон осеб дидаанд. Дар шаҳри Пешовар як гурӯҳ одамон захмӣ ҳам шудаанд. 41 нафари онҳо дар беморхонаҳо бистарӣ гардидаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






