Зарари заминларза дар шаҳри Хоруғ беш аз 263 ҳазор сомониро ташкил дод

Декабрь 11, 2015 12:21

Душанбе, 11.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар шаҳри Хоруғ бар асари заминларзаи рӯзи 7 декабри соли равон  11 хонаи истиқоматӣ  қисман зарар дидааст. Инчунин биноҳои  иншооти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри  Хоруғ зарар дидаанд. Аз ҷумла, девори обанбори Сиёб, воқеъ дар ноҳияи Роштқалъа, ки дар тавозуни корхонаи об ва ташноби шаҳри Хоруғ мебошад, кафида, дар натиҷа полоиши об ба вуҷуд омада, талафоти об дар обанбор 25%-ро ташкил  дод. Тибқи ҳисоботи пешакии комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри  Хоруғ маблағи зарар 25 ҳазору 450  сомониро ташкил медиҳад. Бинои асосии Донишгоҳи давлатии Хоруғ  ба маблағи 25 180 сомонӣ, бинои муасисаҳои таълимии №2,7,9 ва кўдакистонҳои №2 ва 5-и шаҳр  ба маблағи   41 540 сомонӣ, бинои чойхонаи миллӣ ва бинои идораи байтории шаҳр ба маблағи  900 сомонӣ, хонаҳои истиқоматӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони аҳолии шаҳри Хоруғ  ба маблағи  160 ҳазор сомонӣ зарар дидаанд.  Маблағи умумии зарар дар шаҳри Хоруғ 263 ҳазору 493 сомониро ташкил медиҳад.
Мувофиқи маълумоти комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Рӯшон дар  ҷамоати деҳоти Ванқалъа 14 хонаи истиқоматӣ  пурра ва 148 хона қисман зарар дидаанд. Аз ҷумла, дар  деҳаи Бачор 4 хона пурра, 31 хона қисман, мактаби №47 пурра,  дар деҳаи Морҷ 5 хона пурра, 9 хона қисман, мактаби № 50 пурра, дар деҳаи Роҳи нав 1 хона пурра, 1 хона қисман, дар деҳаи Миёншаҳр 2 хона пурра, 17 хона қисман, мактаби №44 қисман, дар деҳаи Оқмамад 2 хона пурра, 5 хона қисман, мактаби №53 қисман, дар деҳаи Эмом 13 хона қисман, дар деҳаи Варшедз 5 хона қисман, дар  деҳаи Сардем 6 хона қисман, дар деҳаи Пиш 7 хона қисман, мактаби №55 қисман, дар деҳаи Патхур  2 хона қисман, мактаби №54 қисман, дар деҳаи Ванқалъа 4 хона қисман,        2 хонаи фарҳанг қисман, деҳаи Шазуд 31 хона қисман, мактаби №46 қисман, дар деҳаи Миёнакӯҳ 11 хона қисман, мактаби №49 қисман, дар деҳаи Қурғантуқуй 4 хона қисман, дар деҳаи Ҷелондӣ 10 хона қисман, дар деҳаи Оқтайлоқ 3 хона қисман, мактаби №52 қисман, бинои фермаи чорводории мавзеи Гармчашма пурра зарар дидаанд. 
Бино ба иттилои котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии кишвар Ориф Нозимов, дар ҳудуди ноҳия мувофиқи маълумоти пешакӣ 30 хона пурра ва 369 хона қисман, инчунин 1 мактаб пурра, 14 адад қисман, 2 хонаи фарҳанг, 1 маркази саломатӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ ва 1 мағоза қисман  ва  бинои фермаи чорводории мавзеи Гармчашма пурра зарар дидаанд. 
«Тағйирот дар самти муайянсозии хисороти баамаломада аз эҳтимол дур нест ва ин ҳама маълумоти пешакӣ мебошанд»,-  илова намуд О.Нозимов.

Декабрь 11, 2015 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Хуросон беш аз 10 ҳазор килограмм пилла месупоранд
Дар Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявии «МегаФон Life бо сабки футбол» оғоз ёфт
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар озмуни вилоятии «Барномасози ҷавон» 34 довталаб аз муассисаҳои таълимии Бадахшон иштирок намуд
Дар ноҳияи Ёвон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор шуд
Бахшида ба 70-солагии таъсиси шаҳри Бӯстон Озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин» баргузор гардид
Кирмакпарварони ноҳияи Панҷ беш аз 78 фоизи нақшаи пилласупориро иҷро намуданд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ оғоз гардид