19 ҷангии «Ҷабҳат ан-Нусра» дар Сурия маҳв карда шуд
Душанбе, 29.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Артиши давлати Сурия рӯзи панҷшанбе дар музофоти Идлиб 19 ҷангии гурӯҳи ифротии «Ҷабҳат ан-Нусра»-ро маҳв карда, 53 тани дигарашро захмӣ намудааст, — хабар медиҳад агентии «САНА».
Бино ба иттилои манбаъ, дар музофоти Идлиб рӯзи панҷшанбе неруҳои ҳукуматӣ зимни амалиёти ҳарбӣ такягоҳ ва якчанд нақлиёти силоҳдори гурӯҳи «Ҷабҳат ан-Нусра»-ро хароб кардаанд. Ёдовар мешавем, ки вақтҳои охир артиши давлати Сурия дар ҳама ҷабҳаҳо пешравӣ дорад. 24-уми январ неруҳои давлатӣ пойгоҳи муҳими мухолифин Ал-Робияро дар музофоти Латакиё зери назорати худ дароварда, 26-уми январ шаҳри муҳими стратегии Шайх Мискинро дар музофоти Даръо пурра аз террористон озод карданд.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






