42 фоизи воридоти шакар ба бозори истеъмолӣ аз Покистон аст
Душанбе, 29.01.2016.(АМИТ «Ховар»).-42 фоизи воридоти шакар ба кишварамон, ки яке аз навъҳои маҳсулоти ниёзи аввал барои мардуми кишварамон аст, аз Покистон, 37,2 фоиз аз Афғонистон, 5,7 фоиз аз Эрон буда, боқимонда ба дигар кишварҳо рост меояд. Саъдӣ Қодирзода -сардори Хадамоти зиддинҳисории кишвар 29 январ дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе гуфт, ки воридоти шакар ба ҷумҳурӣ дар соли гузашта беш аз 11 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар ин давра ба ҷумҳурӣ беш аз 138 ҳазор тонна шакар ворид шудааст, ки ин нишондод дар соли 2014 зиёда аз 123 ҳазор тоннаро ташкил дода буд. Саъдӣ Кодирзода афзуд, ки воридоти шакар дар минтақаҳои кишварамон беш аз 81 фоиз ба вилояти Хатлон, зиёда аз 6 фоизӣ ба вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе ва 5,6 фоиз ба шаҳри Турсунзода рост меояд. Зикр гардид, ки дар бозорҳои истеъмолии кишварамон нархи як кг шакар дар соли гузашта аз 5,90 то 6,75 сомониро ташкил дод.
Сардори Хадамоти зиддинҳисории кишвар иброз дошт, ки дар соли гузашта ба Феҳристи субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозори моли муайян мавқеи ҳукмфармоӣ доранд, субъекти хоҷагидоре, ки дар бозори молии шакар мавқеи ҳукмфармоиро доро мебошад, шомил карда нашудааст. Зимни таҳлилҳои гузаронидаи Хадамоти зиддинҳисории кишвар дар соли гузашта дар бозори молии шакар ширкатҳои «Шоҳрух-Кампания» беш аз 28 фоиз «Жасмин-2013»зиёда аз 12 фоиз, Агентии захираҳои моддии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ 8,05 фоиз, ширкатҳои «Савдо -тиҷорат» ва «Агросохтмон» беш аз 6 фоизӣ, «Ҷило» ва «Маъориҷ» беш аз 5 фоизӣ ҳиссаи бартариро ишғол менамоянд.








Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






