500 ҳазор адабиёт дар китобхонаҳои ДДХ маҳфуз аст
Душанбе, 18.01.2016. (АМИТ «Ховар»).-Дар раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз рӯйи натиҷаи соли 2015 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Ректори донишгоҳ Анвар Мақсудов зикр кард, ки дар ин муддат фаъолияти таълимии донишгоҳ дар 16 факултет, аз ҷумла 78 кафедра, аз он 9 кафедраи lонишгоҳӣ, Парки технологӣ, Китобхонаи марказӣ ба роҳ монда шудааст. Дар донишгоҳ аз рӯи 73 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва аз он 29 ихтисос дар шуъбаи ғоибона дар асоси нақшаҳои таълимӣ таҳсил сурат мегирад.
Дар ҳамаи факултетҳои донишгоҳ раванди таълим тибқи низоми кредитии таҳсил ба роҳ монда шудааст. Факултетҳои санъати тасвирӣ ва технология, санъат ва тарбияи ҷисмонӣ соли равон ба ин низом ворид гаштанд. Дар донишгоҳ 8 бинои таълимӣ, 6 хобгоҳ, 356 синфхонаи таълимӣ, 101 озмоишгоҳи таълимӣ, 130 кабинети махсус, 76 кабинети таълимӣ, 47 синфхонаи таълимӣ, 70 кабинети лингофонӣ, 154 тахтаи электронӣ, 304 проектор, 1200 компутери фардӣ, 16 адад серверӣ ва озмоишгоҳҳои биологӣ, химиявӣ, электротехникӣ мавҷуд буда, шабакаи ягона аз тариқи нахи оптикӣ амал мекунад, ки дар Тоҷикистон назир надорад.
Китобхонаҳои марказӣ, рақамӣ ва электронӣ бо фарогирии беш аз 500 ҳазор адабиёт фаъол аст. Ҳоло дар бахши магистратураи донишгоҳ 541 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Соли хониши 2014-2015 284 нафар дохил шудаанд ва дар ин сол 204 нафар ин зинаи таҳсилотро ба анҷом расониданд. Дар соли таҳсили 2015-2016 ба донишгоҳ 283 магистр аз рӯи 16 ихтисос дохил гардид. Пешрафти донишҷӯён дар миқёси донишгоҳ дар ин низом 73%-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 9% афзудааст. Тамоми имтиҳоноти донишҷӯёни шуъбаи рӯзона ва ғоибона аз тарафи Маркази тестии донишгоҳ гузаронида мешавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






