6 журналист барандаи ҷоизаи Кумитаи ҷавонон шуданд
Душанбе, 18.01.2016 (АМИТ «Ховар»).-Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии ҶТ 6 журналисти ҷавони ВАО-и кишвар- Руқияи Боймамад, хабарнигори Радиои «Ховар», Зарифа Содиқова, хабарнигори «Садои Конибодом», Рухшона Ҳакимова, хабарнигори «Фараж», Мазҳаб Ҷумъа, хабарнигори «Самак» ва дигаронро бо Ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҶТ дар соҳаи рӯзноманигорӣ ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонид.
Маросими ҷоизасупорӣ 16- уми январ дар тарабхонаи «Шоира Люкс»- и пойтахт доир гардид, ки дар он раиси кумитаи мазкур Аҳтам Абдуллозода иштирок намуда, барандагони ҷоизаҳоро табрик намуд.
Ҳамчунин ҷавонони фаъоли кишвар бо ҷоизаи мазкур дар соҳаҳои адабиёт, санъат, барномасозӣ ва меъморӣ қадрдонӣ шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






