6451 қонунвайронкунӣ дар соҳаи ҳифзи меҳнат ошкор гардид
Душанбе, 04.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар давоми соли 2015 аз ҷониби Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 2040 санҷиш гузаронида шуд, ки аз он 949 санҷиш ба масъалаҳои меҳнат, 643 санҷиш ба масъалаҳои бехатарии меҳнат ва риояи меъёрҳо, 361 санҷиш ба масъалаҳои шуғли аҳолӣ ва 87 санҷиш ба масъалаҳои муҳоҷират рост омада, дар маҷмўъ 643 ташкилоту муассисаи давлатӣ, 1154 ташкилоти хусусӣ ва 243 субъекти хоҷагидори шакли дигари моликиятро фаро гирифтанд.
Дар ҷараёни санҷишҳои анҷомёфта 6451 қонунвайронкунӣ ошкор гардид, ки 3049 ҳолат ба масъалаҳои меҳнат, 1832 ҳолат ба масъалаҳои бехатарии меҳнат ва риояи меъёрҳо ва 1313 ҳолат ба масъалаҳои шуғл ва 257 ҳолат ба масъалаҳои муҳоҷират иртибот доранд.
Дар маҷмўъ, дар соли сипаришуда ба оила ва ашхоси ғайри қобили кории фавтидагон ва кормандони зарардида аз ҷониби корфармоён 269 ҳазору 596 сомонӣ маблағи ҷуброни зарар пардохт гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






