70 ҳолати қонуншиканӣ ошкор гардид
Душанбе, 12.01.2016. (АМИТ «Ховар»).-«Кормандони Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 90 маротиба дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ санҷишҳо баргузор намуда, ҷараёни беш аз 740 маъракаи шаҳрвандонро назорат намуданд. Аз ҷумла, аз тарафи кормандони кумита дар соли ҷорӣ зиёда аз 70 ҳолати қонуншиканӣ ошкор ва парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст»,- зикр намуд зимни нишасти матбуотии имрӯза муовини аввали раиси кумитаи мазкур Ҷумъахон Ғиёсов.
Дар миқёси ҷумҳурӣ аз тарафи мақоми ваколатдор, шуъбаҳо ва бахшҳо оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо тибқи маълумоти Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (то 26.12.2015) 562 парванда оид ба вайрон намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» нисбат ба 568 шаҳрванд тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба судҳо ворид шудааст. Аз 562 парванда 549-тои он нисбат ба 555 шаҳрванд баррасӣ гардида, 13 парванда нисбат ба 13 нафар дар истеҳсолот қатъ карда шудааст. Маблағи умумии ҷаримаҳо 1 миллиону 661 ҳазору 360 сомониро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






