97 шаҳрванди ҶТ барои таҳсил ба хориҷа фиристода шуд

Январь 11, 2016 12:20

Душанбе, 11.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар соли таҳсили 2015-2016 тибқи бурсияҳои ҷудонамудаи кишварҳои хориҷӣ 97 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўйи ихтисосҳои забони русӣ ва забонҳои хориҷӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар барои таҳсил фиристода шуданд. 7 нафар аз рўи ихтисосҳои забону адабиёт ва филология дар зинаи аспирантураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Русия ба таҳсил фиристода шуданд. Ин нуктаро имрӯз, 11 январ зимни нишасти матбуотӣ вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддини Саид ироа намуд.
Тибқи ҳисоботи омории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло дар 6148 синфи 156 муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ таълим бо забони русӣ ба роҳ монда шудааст.
Илова ба ин, дар 24 муассисаи таълимӣ таълим бо забони русӣ, бо шумораи 515 синфхона фаъолият доранд, ки дар онҳо 13248 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин дар 107 муассисаи таълимӣ таълим бо забонҳои тоҷикӣ-русӣ (4493 синф), дар 22 муассисаи таълимӣ таълим бо забони тоҷикӣ-русӣ-ӯзбекӣ (1060 синф), дар 1 муассисаи таълимӣ таълим бо забони русӣ-ӯзбекӣ ( 28 синф), дар 1 муассисаи таълимӣ таълим бо забони тоҷикӣ -русӣ-англисӣ (38 синф) ва дар 1 муассисаи таълимӣ таълим бо забони русӣ-қирғизӣ (14 синф) ба роҳ монда шудааст.
Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар 7076 нафар омўзгори фанни забони русӣ, аз ҷумла бо таҳсилоти олии омўзгорӣ 5370, бо таҳсилоти миёнаи махсуси омўзгорӣ 522, бо таҳсилоти олии нопурраи омўзгорӣ 248 нафар фаъолият дорад”,-иброз дошт Нуриддини Саид.

Январь 11, 2016 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд