Ҳаҷми боркашонӣ дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 10,1 % кам шуд

Январь 27, 2016 10:32

Душанбе, 27.01.2015. (АМИТ «Ховар»).-  Дар     соли 2015  ҳаҷми  боркашонӣ дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»  6 млн. 121 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба  соли 2014 —    688 ҳазор тонна ё 10,1 % кам   мебошад — гуфт зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон Баҳром Шодиев ва афзуд ки  дар ин давра  боркашонии транзитӣ   1 млн. 182 ҳазор  тоннаро  ташкил  дода,  назар ба  соли гузашта 554 ҳазор тонна ё 31,9 %  кам буда, боркашонии худӣ 4 млн. 939 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба  соли гузашта  —  134 ҳазор тонна кам  мебошад.

Январь 27, 2016 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш