АИ ҶТ: Ҳимояи 353 рисола дар соли 2015

Январь 9, 2016 12:35

Душанбе, 09.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Тавре ки зимни маҷлиси умумии солонаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шуд, аз тарафи муассисаҳои АИ ҶТ дар соли 2015 58 чорабинии илмӣ, аз ҷумла 3 симпозиуми байналмилалӣ, 13 конфронси байналмилалӣ, 27 конфронси ҷумҳуриявӣ, 15 семинар, тренинг ва чорабиниҳои дигари байналмилалию ҷумҳуриявӣ гузаронида шуданд.
Ҳамзамон дар 23 шӯрои диссертатсионии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 353 рисола, аз ҷумла 40 рисолаи докторӣ ва 313 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шуда, дар 5 шӯрои диссертатсионии АИ ҶТ ҳамагӣ 69 рисола, аз ҷумла 6 рисолаи докторӣ ва 63 рисолаи номзадӣ ҳимоя карда шуд. Аз шумораи дифоъкардагон 15 нафар шаҳрванди хориҷӣ мебошанд. Аз тарафи кормандони АИ ҶТ ҳамагӣ 23 рисола ҳимоя карда шудааст, ки аз онҳо 3 рисолаи докторӣ ва 20 рисолаи номзадӣ мебошад.

Январь 9, 2016 12:35

Хабарҳои дигари ин бахш

«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик