Акрамзода Юсуф: «Тоҷикагролизинг» соли 2015 нисбат ба соли 2014 5,2 млн. сомонӣ зиёд техникаю таҷҳизоти кишоварзӣ харид
Душанбе, 28.08.2016. (АМИТ «Ховар»).- «Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» соли 2015 390 техникаю таҷҳизоти кишоварзиро ба маблағи 20,9 млн. сомонӣ харид, ки нисбат ба соли 2014 167 адад техникаю таҷҳизот ва 5,2 млн. сомонӣ зиёд мебошад». Ин матлабро роҳбари ин корхона Акрамзода Юсуф Акрам имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони ВАО иброз намуд.
Тибқи иттилои роҳбарият Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» аз давраи таъсис то имрӯз 1116 техникаи гуногунтамға, 1641 таҷҳизоти кишоварзӣ ба маблағи 138,6 сомонӣ харидааст.
Ба 1030 хоҷагии деҳқонии кишвар 1014 техника ва 820 таҷҳизоти кишоварзӣ ба маблағи 113 млн. сомонӣ ба тариқи иҷораи молиявӣ (лизингӣ) дода шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






