Ҷаласаи Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар “Кохи Ваҳдат”
Душанбе, 13.01.2016 (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар Маҷмааи “Кохи Ваҳдат” ҷаласаи Шӯрои собиқадорони ҲХДТ баргузор мегардад.
Раиси ҲХДТ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 4 декабри соли 2015 дар Маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб гуфт, ки: “Мо бояд нисбат ба собиқадорони ҳизб бетафовут набошем. Таҷрибаи онҳоро ҳамаҷониба истифода карда, дар синни нафақа нисбат ба онҳо ғамхорӣ зоҳир кунем. Бояд собиқадорон дар ташкилоти ҷамъиятӣ муттаҳид шаванд ва аз мактаби маҳорату истеъдодашон кадрҳои ҷавон тарбия гиранд.”
Маҳз дар ҳамин ҷаласа роҳбари ҳизб Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки фаъолияти шӯро ҷоннок гардонида шуда, таҷрибаи ғании собиқадорон дар самти тақвияти арзишҳои ватандорӣ, худшиносӣ, эҳтироми суннатҳои миллии мардум ва таблиғу ташвиқи дастовардҳои мамлакат ба манфиати миллат ва ҷомеаи кишвар истифода шаванд.
Роҳбари дастгоҳи марказии ҳизб Абдураҳмон Хонов дар суҳбат бо хабарнигори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” таъкид намуд, ки: “Собиқадорони ҲХДТ дар қаламрави Тоҷикистон яке аз гурӯҳҳои фаъол ва собитқадами ҷомеа мебошанд. Онҳо дар ҳолатҳои сангини барои миллат ва давлат сарнавиштсоз зери роҳбарии Пешвои миллат — Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи идеяҳои низоми давлатдорӣ, ки аз ҷониби роҳбари муаззами мамлакат муайяну мушаххас гардидаанд, саҳми худро гузоштанд ва дар оянда низ метавонанд нақши муаасир ва арзишманд дошта бошанд.”
Қарор аст, ки дар ҷаласаи имрӯза масъалаи интихоби роҳбарияти Шӯрои собиқадорони ҲХДТ ва нақшаҳои кори ояндаи шӯро мушаххас шаванд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






