Ҷалби донишҷӯёни фаъоли вилояти Суғд ба истироҳатгоҳ
Хуҷанд, 22.01.2016 (АМИТ «Ховар»).-Бо дастгирии раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ як гурӯҳ ҷавонон ва донишҷӯёни фаъоли муасиссаҳои олии вилоят ба «Лагери маърифативу солимгардонии ҷавонони вилояти Суғд» ҷалб шуданд.
Ин тадбири пешгирифтаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои 100 нафар донишҷӯписарон аз 18 то 25 январ ва барои 100 нафар донишҷӯдухтарон аз 26 то 31 январ пешбинӣ шудааст.
Дар баробари истироҳату фароғат аз ҷониби Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят барои донишҷуён ташкили мулоқот бо намояндагони мақомоти иҷроия, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, шоирону нависандагон, маҳфилҳои фарҳангӣ ва намоиши филмҳои мустанади таърихӣ ба нақша гирифта шудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






