Ҳалокати чор нафар дар садамаи нақлиётӣ дар ҳудуди ноҳияи Данғара
Душанбе, 27.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- 26-уми январ ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, сокини 22-солаи ноҳияи Фархор ҳангоми ҳаракат аз ноҳияи Данғара, дар километри 67-уми самти Душанбе, ба мошини боркаши тамғаи «ШАНХАЙ», ронандааш, сокини 35-солаи ноҳияи Восеъ бармехӯрад.
Дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ худи ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, мусофирони мошини мазкур: марди 38-сола ва писарбачаи 5-солаи ноҳияи Данғара, инчунин зани 27-солаи ноҳияи Шӯрообод дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасанд. Мусофирони дигари мошин: марди 35-сола ва зани 20-солаи ноҳияи Фархор ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






