Ҳалокати пиёдагардон дар садамаҳои нақлиётӣ
Душанбе, 4.01.2016. (АМИТ «Ховар»).- 1-уми январи соли равон ронандаи мошини тамғаи “Мерседес-Бенс”, сокини 44-солаи шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ду нафар сокинони 22 ва 27-солаи ноҳияи Восеъро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагардон, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Пас аз чанд муддат ҷавони 22-сола дар беморхона ба ҳалокат мерасад.
2-юми январ ронандаи мошини тамғаи “Газел”, сокини 42-солаи ноҳияи Ҷ.Расулов, ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи Ленин ба самти кӯчаи Гагарини ноҳияи мазкур бехатарии ҳаракат дар роҳро риоя накарда, сокини 44-солаи ҳамин ноҳияро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин дар ин рӯз ронандаи мошини тамғаи “Опел-Бечка”, сокини 46-солаи ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Конибодом-Ғафуров, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварз сокини 51-солаи ҳамин ҷамоатро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






